Материалы

Баргузории ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

  8 октябри соли 2020 таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ тавассути алоқаи видеогӣ баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа Прокуророни генералии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, инчунин Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророн ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки аз лаҳзаи ташкилёбии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 сол сипарӣ гаштааст, аз ин лиҳоз иштирокчиён якдигарро ба ин санаи ҷашнӣ табрик намуданд.

 Дар ҳамоиш масъалаҳои таҷрибаи кории прокуратураҳои генералии кишварҳо- Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба назорати прокурорӣ дар самтҳои гуногун мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 Аз ҷумла, баромади Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод вобаста ба таҷрибаи мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ  шунида шуд.

 Дар маҷмӯъ дар ҷаласаи мазкур зиёда аз 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 Дар ҷамъбасти ҷаласа иштирокчиён омодагии худро бобати таҳким бахшидани ҳамкориҳои воқеии байни прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва яроқ, мубориза бо коррупсия, хариду фурӯши одамон, дигар намудҳои ҳаракатҳои ҷиноии фаромиллӣ, ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ изҳор намуда, зарурати минбаъд муттаҳид кардани қувваҳо ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро ҳадафи асосии хеш қарор доданд.

 Дар интиҳои баррасии масъалаҳо қарорҳои қабулнамудаи аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби Прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ ба таври алоҳидагӣ ба имзо расонида шуданд.

 Ғайр аз ин, бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ як қатор кормандони мақомоти прокуратураи кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ барои саҳм доштан дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо медали ҷашнии “25-солагии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ” мукофотонида шуданд. 

 Қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ соли 2021 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардад.   

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ