Зӯроварӣ дар оила ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро – ду бемории музмини ҷомеаи имрӯза (гузориш аз мизи мудаввар) - Генеральная прокуратура Республики Таджикистан
 
 

Маҷалла

Журнал

 28.09.2017


4-уми августи соли равон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суѓд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» (шаҳри Панҷакент), дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳаракатҳои ифротгароӣ»  баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии кишвар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, сохтори шаҳрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, инчунин симоҳои намоёни кишвар, чун Маърифат Шокирова, Додарбек Сайдалиев  ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба кори мизи мудаввар роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» Малика Додоева ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуд, ки ташкилоти мазкур чанд соли охир бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, чун зӯроварӣ дар оила ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро корҳои муайянеро анҷом додааст.

Ҳамоҳангсози реформаи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод дар суханронии худ ба  сабабҳои асосии зӯроварӣ дар оила ва ба равияҳои тундгаро гаравидани ҷавонон дахл намуда, роҳҳои ҳалли ин мушкилотро баён намуд. Иброз гардид, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ бесаводии динӣ ва дунявии онҳо буда, бозомӯзии онҳо барои пешгирӣ намудани амалҳои зикршудаи номатлуб мусоидат хоҳад кард.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ Рауфов Ф. зикр намуд, ки имрӯз ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила на танҳо занҳо мебошанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳз ба сабаби зӯроварии занҳо дар оила мардон даст ба худкушӣ задаанд. Дар соли 2016 ва нимсолаи аввали соли 2017  аз шумораи умумии шахсоне, ки даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он ниҳодаанд, 55 %-ро мардҳо ва 45 %-ро занҳо ташкил медиҳанд. Дар ин самт бояд тадқиқоти зарурии сотсиологӣ гузаронида шуда, сабаби сол то сол афзоиш ёфтани худкушии мардҳо дақиқ муайян карда шавад. Ҳамчунин ба алоқамандии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба зӯроварӣ дар оила ишора карда шуд. Таъкид гардид, ки баъзе мардҳо ҳамсарони худро ба риояи расму таомули динӣ, аз ҷумла тарзи муайяни либоспӯшӣ маҷбур намуда, ба ин васила ба як қатор ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо таарруз менамоянд.          

Ба иштирокчиёни мизи мудаввар, инчунин сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ драма таҳти унвони «Ҳаёт як бор дода мешавад…» (муаллифи сенария Малика Додоева) намоиш дода шуд. Драма ба мавзӯъҳои баррасикунандаи мизи мудаввар робита дошта, роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҳаётӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷударо пешниҳод намудааст. Тамошои драма ба бинандагони он таассуроти муфид бахшид.      

          Дар рафти мизи мудаввар як қатор тавсияҳои судманд ҷиҳати пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила ва ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баён гардиданд, ки онҳо дар зер оварда мешаванд:

-         сатҳи дониши динии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва экстремизм масъуланд, ҳанӯз нокифоя мебошад. Аз ин рӯ, бояд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус онҳое, ки бевосита фаъолияти зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мебаранд, бо донишҳои динӣ низ мусаллаҳ бошанд, то амалҳои экстремистии гурӯҳҳои тундгароро саривақт айният кунонида, бо он мубориза бурда тавонанд;

-         намояндагони муассисаҳои динӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, ҷиҳати маҳкум намудани амалҳои экстремистӣ-террористӣ ва ноҳақ баровардани ақидаҳои онҳо ба дараҷаи зарурӣ фаъол нестанд. Аз ин рӯ, бояд дар ин самт низ кор таҳким бахшида шуда, фаъолияти онҳо ҷиҳати бо истифодаи далелу бурҳони динӣ ноҳақ баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ тақвият бахшида шавад; 

-         яке аз сабабҳои ҷалб гардидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бекорӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд наврасон ба гурӯҳҳои ихтиёрӣ (волонтерӣ) оид ба иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ шомил карда шаванд, то ин ки вақти холӣ надошта бошанд;

-   зӯроварӣ дар оила, чун қоида, боиси оқибатҳои ногувор, аз ҷумла худкушии занҳо мешавад. Яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани чунин амалҳо, ин пурзӯр намудани фаъолияти хадамоти равоншиносӣ мебошад, ки мутаассифона он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи зарурӣ рушд накардааст. Аз ин рӯ, бояд дар самти рушд додани соҳаи равоншиносӣ чораҳои муассир андешида шавад. Алалхусус, як шохаи он, ки равоншиносии оилавӣ (семейная психология) ба рушду такомул ниёзи бештар дорад;

-   чандин ҳолатҳое мавҷуданд, ки зӯроварӣ дар оила дар заминаи рӯҳияи носолим ва бемории рӯҳӣ рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, бояд иҷрои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи равонпизишкӣ» таъмин карда шуда, муассисаҳои тиббӣ ва тамоми аҳли ҷомеа дар муайян намудани беморони рӯҳӣ ва бо табобат фаро гирифтани онҳо фаъол бошанд;

-   абаби дигари зӯроварӣ дар оила –ин паст будани вазъи моддӣ мебошад. Аксарияти занҳо дар деҳот ва ҳатто шаҳрҳо хонашин буда, дар ѓанӣ гардонидани буҷети оила саҳм надоранд. Аз ин рӯ, бояд бо касбомӯзии занҳо, бо зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани онҳо, саҳми онҳо дар беҳтар намудани вазъияти моддии оила беҳтар карда шавад. Ҳамчунин, бо таъмини риояи дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидани ҷашну маросимҳо камхарҷ карда шавад. Дар ин сурат шиддатнокии нозарури психологӣ низ дар оила паст шуда, мувозинаи рӯҳию равонӣ барқарор мегардад.                    

-   сабаби дигари носозиҳо ва мувофиқан ба ин зӯроварӣ дар оила ин ба назар нагирифтани сатҳи моддию фарҳангии оилаи дигар ҳангоми интихоби ҳамсар мебошад. Яъне, баъзан оилаи зиёӣ бо оилаи камбизоат, ё сарватманди камсавод, ки аз ҷиҳати инкишофи фарҳангӣ дар зинаи паст қарор дорад, қудо мешавад, ҳол он ки манфиатҳои моддию фарҳангии онҳо аз якдигар куллан фарқ мекунад. Ё худ, келини миёнаҳол, ё камбаѓал, ки ба оилаи сарватманд меафтад, баъзан таънасори шавҳару хушовандони ӯ мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳангоми интихоби ҳамсар мувофиқати моддӣ ва алалхусус маънавию фарҳангии байни оилаҳои қудошаванда ба инобат гирифта шавад.

-  яке аз сарчашмаҳои зӯроварӣ дар оила ва худкушиҳо, чун қоида, маскун намудани шаҳрвандон бо ҳалномаҳои судӣ мебошад. Азбаски маскун намудани зан ба манзили собиқ шавҳараш ба зиддияти муносибатҳои байни зан ва шавҳару хешовандони ӯ оварда мерасонад, бояд роҳҳои нармтари ҳалли ин мушкилот ҷустуҷӯкарда шавад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот бастани аҳдномаи никоҳ мебошад, ки мутобиқи он шавҳар вазифадор мешавад, ки дар сурати қатъ гардидани никоҳ ӯ ба ҳамсараш манзили истиқоматӣ харида диҳад. Аксаран ба он назаранд, ки аҳдномаи никоҳ аз Аврупо ба мо омадааст. Аммо, факти таърихии зерин ѓалат будани ин ақидаҳоро исбот мекунад:

Ҳанӯз соли 1932 аз ҷониби бостоншиносон дар ѓори Муѓи  ноҳияи Айнии вилояти Суѓд як Аҳдномаи никоҳи даврони зардуштӣ дарёфт шуд. Маълум гардид, ки он дар асри 8-и милодӣ, яъне 25-уми марти соли 710 байни ашрофи турк Оттегин ва духтараки суѓдӣ Дуѓдѓунча баста шудааст. Он аксари талаботи имрӯзаи қонунгузориро марбут ба бастани аҳдномаи никоҳ дарбар гирифта, як қатор мафҳумҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, талофии зарар, моликият ва меросро дарбар гирифтааст. Аз ҷумла, он Оттегинро уҳдадор намудааст, ки ба Дуѓдѓунча ҷавоҳирот ва дигар лавозимоти ороишии занона харидорӣ намояд. Ин Аҳднома низ гувоҳи қадри баланди зани тоҷик мебошад.   

- Мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”  зӯроварӣ дар оила – ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣмебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан ба зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ таваҷҷуҳ намуда, зӯроварии рӯҳӣ ва иқтисодӣ, чун қоида, беҷазо мемонад. Аз ин рӯ, бояд механизмҳои қавитари эътино ба зӯроварии рӯҳӣ ва иқтисодӣ таҳия гардад.

      Фикр мекунам, ки мизи мудаввар ва тавсияҳои дар он баёнгашта барои равшан кардани чандин масъалаҳои мубрам, печида ва ҳалталаби ҷомеаи имрӯза, ки ниёз ба тадқиқ ва таваҷҷӯҳи табақаи пешқадами зиёиён ва кормандони илмию амалӣ дорад, баҳри ҳимояи оила, зан ва кӯдак, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мусоидат хоҳад кард.      

 

 ин мақола қаблан дар ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”, № 31 (432) аз 10.08.2017 сол ба табъ расидааст)

 

Фаррух Рауфов

муовини сардори Раёсати назорати

тафтишоти пешакӣ дар мақомоти

прокуратура, мушовири адлияи

дараҷаи 1