Маҷалла

   Аз 26 сентябр то 14 октябри соли 2016 дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайфуддинов Талабшо Нуруллоевич ваТураев Эраҷ Бобоқулович бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримов Алиҷон  Қурбонқулович бо моддаи  237  қисми 3 бандҳои «а», «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зауров Меҳроҷ Сангмуҳаммадович бо моддаи 237 қисми 2 банди «б»  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  моҳиятан баррасӣ  гардид.                                            

 Судшавандагон Сайфуддинов Т.Н., Тураев Э.Б.,  Каримов А.Қ. ва Зауров  М.С. (аз ин пештар аз ду то ҳафт маротиба суд шудаанд.) барои он маҳкум шуданд, ки 20 июли соли 2013 тахминан соатҳои  22  дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров дар ҳайати гурӯҳ бо чубдасти варзишӣ ва тапончаҳои травматикӣ мусаллаҳ гардида, ба сӯи якдигар оташ кушода тартиботи ҷамъиятиро муддати  зиёда  аз  15  дақиқа дағалона вайрон намуданд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 14 октябри  соли 2016  судшавандагон Сайфуддинов Т.Н., Тураев Э.Б. бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримов А.Қ. бо моддаи 237 қисми 3 бандҳои «а», «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Зауров М.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, ба Сайфуддинов Т.Н. бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, ба Тураев Э.Б. бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, ба Каримов А.Қ. бо моддаи 237 қисми 3 бандҳои «а», «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин карда шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 6 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъингардида бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 1 июли соли 2014, ки бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст, қисман зам карда шуда, ба Каримов А.Қ. ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳи дорои низоми сахт ва ба  Зауров М.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

Хабарҳо