Прокуратураи генералӣ ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Дар бораи стандартонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста ба фурӯш баровардани бозичаҳои гуногуни  кӯдакона ва воридоти  ғайриқонунии  онҳоро дар ҶДММ бозорҳои “Корвон”, “Саховат”, марказҳои савдои “Ашан”, “Беби-шоп” “Садбарг” мавриди санҷиш қарор дод. 

 Санҷиш муайян намуд, ки дар ҶДММ “Корвон” (бозори  Корвон)-и шаҳри Душанбе 15 нуқтаҳои фурӯши бозичаҳои гуногуни кӯдакона фаъолият менамоянд. Ҳангоми санҷиш соҳибкорон вобаста ба бозичаҳои ба фурӯш баровардаашон ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва сертификатҳои мутобиқати сифат пешниҳод карда натавонистанд.

 Намунаи бозичаҳо гирифта шуда, барои хулоса додан ба Маркази стандартизатсияи Ҷумҳуриявӣ ирсол карда шуд, ки мувофиқи хулосаи ташхис бозичаҳои пешниҳоднамуда ба талаботҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯй набуда, он ба саломатии кудакон  зараровар мебошад.

Аз натиҷаи  санҷиш ду ҳолати қочоқ ва 13 ҳолати фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ошкор карда шуда, нисбати 7 нафар соҳибкорони инфиродие, ки ба фурӯши бозичаҳои пастсифат машғул буданд бо  моддаҳои 209 қисми 2 банди "а" ва 32 қисми 3-294 қисми 3 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

Хабарҳо