Маҷалла

 Имрӯз, 7 сентябр дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бахшида ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. 

 Дар оғози маҷлис Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҳозиринро  ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки сарҷамъӣ ва муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат,  ҳамдигарфаҳмию ризоят дар ҷомеа, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ,  пешгирии тундравию ифротгароӣ ва омодабошии доимӣ ба ҳифзи Ватан  шартҳои муҳими ҳифзи Истиқлолияти кишвар мебошанд.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ба рушду такомули мақомоти прокуратураи кишвар мусоидат намуда, дар ин давра   тавассути ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аз нигоҳи ташкилӣ, моддӣ- техникӣ ва кадрӣ камол ёфта, барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои ба уҳдаи он вогузоршуда тамоми имкониятҳоро дорад.

Барои меҳнати бенуқсон ва  софдилона ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси корӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  панҷ нафар кормандони мақомоти прокуратура мукофотҳои давлатӣ ва ба ду нафар рутбаҳои олии дараҷавӣ  супорида шуданд.

Ҳамзамон   як қатор  кормандони мақомот  аз ҷониби Прокурори генералӣ  бо мукофотҳо  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сухани хотимавии худ миннатдории кормандони мақомоти прокуратураро  аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати онҳо иброз намуда, изҳори боварӣ намуд, ки  кормандони мақомот минбаъд низ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи  генералӣ

Хабарҳо