Маҷалла

Журнал

 

 Устодон ва волидайни  арҷманд!

  Мактаббачагони азиз!

 Вохӯрии имрӯзаи мо дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон 25-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гашта истодааст.

  Ҳамчунин ин рӯз чун Рӯзи дониш, яъне оғози машғулиятҳои соли нави таҳсил, маҳсуб меёбад.

Ба ин муносибат,  ҳамаи Шумоён - мактаббачагони азиз, омӯзгорону мураббиён ва волидайнро ба ин рӯзи саид ва ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику муборакбод менамоям! Донишомӯзӣ муҳимтарин фазилати инсонӣ буда, ба рушду камоли маънавӣ, дарки воқеияти оламу ҳаводис ва интихоби дурусти мавқеи  шахс дар ҷомеа  мусоидат менамояд.

Нақши соҳаи маориф дар ин ҷода хеле бузург буда, маҳз насли тарбиядидаву худогоҳ ва бархурдор аз донишҳои муосир метавонад барои рушду тарақиёти кишвари соҳибистиқлол  содиқона хизмат намуда,  аз манфиатҳои давлату миллати худ пуштибонӣ намояд.

Мактаббачагони  азиз!

  Соати аввали ин Рӯз ба Сулҳ, ба сарчашмаи саодату хушбахтӣ ва оромиву субот дар ҷомеа бахшида мешавад.

Зеро, ки барои рушди соҳаи маориф ва раванди муътадили таълиму тарбия фазои ором ва сулҳу субот дар ҷомеа хеле муҳим буда, дар навбати худ илму маориф  ва донишмандиву худогоҳӣ заминаи бардавомӣ ва пойдории он мебошанд.

Сулҳ орзуву ормони ҳамешагии тамоми халқу миллатҳои тамаддунпарвару нексиришт буда, он, махсусан, барои мо, тоҷикон неъмати бебаҳо, муқаддас  ва  дороии беназир аст.

Сулҳи тоҷикон  дар ҳақиқат ҳам «сулҳи деринтизор» буда, ҷавонмардони асил ва ғаюру сарбаланди миллат барои ба даст овардани он қаҳрамониву ҷоннисориҳои зиёде кардаанд.

 Сарвари кишвари тозаистиқлолии мо, абармарди сиёсат,  Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро маҳз бо шиори «Ман ба шумо Сулҳ меоварам» оғоз бахшида, Тоҷикистонро аз гирдоби нобудӣ берун кашиданд ва онро тадриҷан ба як мамлакати орому осоишта ва инкишофёбанда табдил доданд.

Ҳоло бошад, Тоҷикистони азизи мо яке аз осудатарин кишварҳои ҷаҳон ва ошёни сулҳу ваҳдат маҳсуб ёфта, Сарвари мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ва берун аз он чун роҳбари  сулҳофар, ваҳдатгаро  ва наҷотбахши миллат маъруф шудааст.

   Дар кишвари мо  рушди соҳаи маориф аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ шинохта шуда,  ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, таъмиру тармими иншоотҳои соҳа ва баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.

  Дар даврони Истиқлолият  тавассути дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 254  муассисаи таълимии дорои зиёда  аз 500 ҳазор  ҷойи нишаст сохта,  ба истифода дода шудааст.

 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимии муосир ва тарбияи ҷавонони лаёқатманд ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд.

 Намунаи ин ғамхорӣ бунёд ва таъмини фаъолияти Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» мебошад, ки ба Шумо ифтихори дар он дарс додан ва таълим гирифтан насиб гаштааст.

Дар ин муассиса хонандагон ва омӯзгорон аз минтақаҳои гӯногуни мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ  ба таълиму тадрис машғул мебошанд, ки  иншаҳодати  обрӯю нуфузи он дар дохил ва хориҷи кишвар аст.

 Ҳамзамон, дар як макон ҷиҳати таҳсил ба ҳам  омадани намояндагони миллату ҳалқият ва дину ойинҳои мухталиф дӯстию рафоқати байни кӯдакон, инчунин волидайни онҳоро мустаҳкам намуда, ба рушди  инсондӯстӣ ва таҳаммулгароӣ  дар зеҳни онҳо мусоидат хоҳад кард.

Аҳамияти чунин  фазилатҳои инсонӣ, бахусус дар шароити имрӯза, ки гуруҳҳои гуногуни тундрав мехоҳанд бо коштани тухми кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ  мардумро дар муқобили ҳам қарор диҳанд, хеле муҳим аст.

Ба Шумо маълум аст, ки дар шароити имрӯза маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, яъне таҳаммулнопазирӣ нисбати мансубияти миллию мазҳабии дигарон ва ба ин муноқишаҳо кашида шудани ҷавонони ноогоҳ боиси ҷангҳои хунин дар бисёр кишварҳо гашта, оромӣ ва сулҳу суботро дар сайёра халалдор  намудааст.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо низ фирефтаи таблиғоти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардида, бо иштирок дар чунин муноқишаҳо ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.

 Гуруҳҳои  ифротгаро аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, бахусус  шабакаи Интернет  васеъ истифода намуда, ҷавононро ба ғояҳои худ моил ва ба содир намудани амалҳои зиддиҷамъиятӣ ҳидоят менамоянд.

  Аз ҷониби ин гуруҳҳо дар шабакаи Интернет ҳар гуна бозиҳое роҳандозӣ карда мешаванд, ки дар онҳо кӯдакон ба иҷро намудани нақши террорист ҷалб карда шуда, ба ин восита онҳо руҳан ба пазируфтани қатлу куштор ва дигар аъмоли зишту бераҳмона  омода карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати таъмини амниятии иттилоотии кӯдакон истифодабарии Интернетро аз ҷониби онҳо таҳти назорат қарор дода, сироят  ёфтани онҳоро аз ғояҳои тундрав пешгирӣ намоянд.

Солҳои охир  дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе ва баъзе дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ афзоиши ҳодисаҳои авбошӣ, задухурдҳои гуруҳӣ  барои муайян кардани “лидер” ва тақсимоти минтақаи нуфуз низ ба назар мерасад.

 Ин ҳолатҳо то андозае ба камбудиҳо дар таълиму тарбия низ алоқамандӣ дошта, андешидани тадбирҳои муштаракро аз ҷониби оила, мактаб, мақомоти давлатӣ  ва аҳли ҷомеа тақозо менамояд.

Мо бояд бо кӯшишҳои якҷоя фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқи инсон, муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ тарбия намуда, онҳоро аз  таъсири фарҳанги бегона  ҳифз намоем.

 Ҳар як мактаббача дар дил орзӯи дар оянда соҳиб шудан ба таҳсилоти олии касбӣ ва фаъолият намудан дар соҳаҳои гуногуни  идоракунии давлатӣ ва хоҷагии халқро дорад.

 Дар як вақт ниҳодҳои давлатӣ ба кадрҳои баландихтисос, лаёқатманд ва аз лиҳози  маънавию ахлоқӣ  устувор  ниёз дошта, дарҳои онҳо  барои чунин ҷавонон ҳамеша боз мебошанд.

 Аз ҷумла, мақомоти прокуратура ҳамеша барои ба кор қабул намудани ҷавонони донишманд, забондон ва дорои малакаи кор бо технологияҳои муосир  омода аст.

 Дар охир,  бори дигар оғози соли нави таҳсил - Рӯзи дониш ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумоён табрику муборакбод гуфта,  ба  Шумо дар роҳи расидан ба қуллаҳои илму дониш барору комёбиҳоро   орзӯ менамоям.

Боварии комил дорем, ки  аз Шумо дар оянда сиёсатмадорони варзида, ходимони барҷастаи илм, мутахассисони баландихтисос ва ҳомиёни далеру шуҷоъи Ватан ба воя расида, истеъдод, қобилият ва неруву тавони Шумо ба рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, иқтидори мудофиавӣ, амнияту суботу дар ҷомеа  ва боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ   мусоидат хоҳад кард. 

    Соли нави таҳсил муборак!

    Саломату сарбаланд бошед!     

Хабарҳо