Маҷалла

  18 июли соли 2016 сокини шаҳри Хоруғ  Худододов И.Н. дар кӯчаи марказии шаҳр бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиёти сиёҳшишаро идора намуда, ба талаби қонунии кормандони БДА Мирзомамадов Д.Қ. ва Зарифхонов Н. итоат накарда, бо корд онҳоро таҳдиди задан кардааст.

  Худододов И.Н. дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда,аз ҷониби прокуратураи ВМКБ худи ҳамон рӯз нисбати ӯ бо моддаи 328 қисми 1  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

  Маркази матбуоти

  Прокуратураи генералӣ             

 

 

Хабарҳо