Маҷалла

Журнал

   4 июли соли 2016  сокини шаҳри Хоруғ, Баронбеков З. Ш., ҳангоми ҳаракат дар кучаҳои шаҳр бо автомашинаи сиёҳшиша ба талаби  қонунии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ оиди боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда,  бо қисми пеши автомашина  нозири роҳ, сержанти калони милитсия Мамадзиёев Х. М.-ро тела дода, ҳаракаташро идома додааст..

  Тахминан пас аз 10-15 дақиқа Баронбеков З.Ш. ба ҷои ҳодиса баргашта, нозирони роҳ Давлатмамадов Д. Ҳ., Лайлиев Э. С., -ро  бо корд захмдор намудааст.

 Нисбати Баронбеков З.Ш  аз ҷониби прокурори шаҳри Хоруғ бо моддаҳои 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият)   ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  ва номбурда дастгир карда шудааст.

 Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Боронбеков  З.Ш. бо анҷоми тафтишот ба суд ирол карда шуда, дар арафаи баррасӣ қарор дорад. 

 

Маркази матбуоти  Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо