8 октябри соли 2019 Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ дар Давҳа қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

  Дар заминаи татбиқи амалии натиҷаҳои боздидҳо ва музокироти раҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар, дар рафти мулоқот. рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба ва фаъолшавии ҳамкории самаранок дар соҳаҳои мухталиф таъкид гардид. Дар ин робита изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи робитаҳои корни прокуратураҳои генералии ду кишвар дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва созандаи Тоҷикистон ва Қатар низ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ҳамчунин, атрофи як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо