06 декабри соли 2018 шаҳрванд Сангинов Ҳамдам Махкамович бо мақсади барқарор намудани дафтарчаи меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия дошт, ба корманди бойгонии байниидоравӣ оид ба ҳуҷчатҳои ҳайати шахсии МИҲД-и шаҳри Истаравшан Азизова Шарифа Пӯлотовна муроҷиат намудааст. Азизова Ш.П. хоҳиши Сангинов Ҳ.М.-ро шунида, охиронро ба ҳуҷраи кории директори бойгонӣ Собитов Соҳиб дароварда, ба роҳбари худ мақсади муроҷиат кунандаро расонидааст.

 Директор ба Сангинов Ҳ. фаҳмондааст, ки идораи онҳо дафтарчаи меҳнатиро барқарор наменамояд, танҳо метавонад маълумотномаи бойгонӣ оид ба ҷойи кор ва музди меҳнат пешниҳод намояд.

  Собитов С. ба Азизова Ш. супориш додааст, ки аз Сангинов Ҳ. барои пешниҳоди маълумотнома 1200 сомонӣ маблағ гирад. Азизова Ш. аз хуҷраи корӣ баромада, ба Сангинов Ҳ. супориши директорро расонидааст. Сангинов Ҳ. хоҳиш намудааст, ки маблағро кам кунад, Азизова Ш. ҷавоби рад додааст.

  20 декабри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани ҳаракатҳои фаврӣ-тафтишотӣ Собитов С. баъди аз ҷабрдида Сангинов Ҳ. гирифани маблағи 1200 сомонӣ ҳамчун пора дастгир гашта, маблағи ба сифати пора гирифтааш аз кисаи ӯ ҳамчун далели шайъй  ёфта гирифта шудааст.

  Худи ҳамон рӯз аз аз ҷониби прокурори шаҳри Истаравшан нисбати директори бойгонии байниидоравӣ оид ба ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии МИҲД-и шаҳри Истаравшан Собитов Соҳиб аз рӯи моддаи 319 қисми 1 ва мутахассиси ин идора Азизова Шарифа Пӯлотовна бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.

   Бо ҳукми суди шаҳри Истаравшан аз 18 марти соли 2019 Собитов Соҳиб бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба мухдати 3 сол аз озодӣ маҳруми бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ ҷазо таъин карда шуд.

   Ҳамзамон, бо ҳукми суди мазкур Азизова Шарифа Пӯлотовна бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣба мухдати 1 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.

   Суд мувофиқи талаботи моддаи 71 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои таъиншударо нисбати номбурдагон шартан татбиқ накарда, ба Собитов С. мутаносибан муҳлати санҷишии 3 сол ва Азизова Ш. П. ба муҳлати 1 сол бо маҳрум кардан аз ҳукуқи машғул шудан ба фаъолияти бойгонии байниидоравӣ оид ба хуҷҷатҳои ҳайати шахсии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо