Маҷалла

Журнал

  12 августи соли 2015 тахминан соати 01.30 дақиқа шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1982, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан, дар манзили зисташ аз сабаби муноқишаи бамиёномада ҳамсараш Нурмаҳмадова Машҳура Ҳайдаровна, соли таваллудаш 1985-ро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Истаравшан нисбати А.А. бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.