Маҷалла

Журнал

 16 августи соли 2015 тахминан соати 04.40дақиқа шаҳрвандА.А., соли таваллудаш 1992, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳаи Устунги ноҳияи Мастчоҳ,аз сабаби муносибатҳои оштинопазир доштан ба хонаи хоҳараш Ғиёсзода Марҳабои Гиёҳ, соли таваллудаш 1993, миллаташ тоҷик, сокини деҳаи номбурда рафта, бо истифода аз силоҳи шикорӣ, ки ғайриқонунӣнигоҳ медошт, вайро бо ҳамроҳии шавҳараш Ғаффуров Насриддин Маҳмадсаидович, соли таваллудаш 1989, миллаташ тоҷик ба ҳалокат расонидааст.

  Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ нисбати А.А. бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.