Маҷалла

  11 августи соли 2015 тахминан соати 10.00 дақиқа ҷасади шаҳрванд Муродов Муҷаллоҳ Муродович, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 33, бинои 71, хонаи №41, дар канори роҳи нақлиётгарди Хуҷанд – Адрасмон, дар ҳудуди  чарогоҳи  “Кооперативи истеҳсолии  Кушатов” бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муқаррар гашт, ки ин кушторро шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1975, содир кардааст.

  Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуровбо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.