Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои  инсон»  рӯзҳои 11- 14 апрел дар шаҳри Душанбе бо иштироки 26 нафар, 18- 21 апрел дар шаҳри Бохтар бо иштироки 32 нафар ва 25- 28 апрели соли 2017  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 22 нафар муфаттишони шуъбаҳои тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиётӣ ва прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи  “Тарзу усули  санҷиш ва тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона.  Принсипҳои тафтиш ва ҳуҷҷатгузории самараноки ҳолатҳои шиканҷа тибқи  стандартҳои Протоколи Истамбул”  баргузор намуд.

 Дар рафти курсҳои омӯзишӣ вобаста ба мафҳум, моҳият ва намудҳои шиканҷа, стандартҳои байналмилалӣ оид ба мубориза зидди шиканҷа, тарзу усули  гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои шиканҷа, тарзи пурсиши ҷабрдидаи шиканҷа, оқибатҳои ҷисмонӣ ва равонии шиканҷа ва тарзу усули муайян намудани онҳо, ҳуҷҷатгузории шиканҷа тибқи талаботи Протокооли Истамбул, бо истифода аз тарзу усули пешқадам ва муосири таълим машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Курсҳои омӯзишӣ  ҷиҳати иҷрои Нақшаи миллии амалҳо доир ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020  баргузор  карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ