Имрӯз 12 апрели соли 2018 дар Прокуратураи генералй ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, сардорон ва муовинони Раёсату шуъбаҳо, ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус, прокуророну муфаттишони калон ва баъзе прокуророни Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокурор-криминалисти калон, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура, прокуророни гарнизонҳои ҳарбӣ, прокуророни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мувинони прокуророни шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Хатлон, прокуророни назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва нақлиёти Суғду Хатлон ширкат варзиданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур оиди вазифаҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй-Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон зимни мулоқоти корй бо кормандони мақомоти прокуратура бармеоянд ва натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда дар таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Аҳмадзод Раҳмон оид ба суханронии Асосгузори сулҳу вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти корй бо кормандони мақомоти прокуратура маърӯза намуд.

Баҳри ичрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба кормандони мақомот супоришҳои мушаххас дода шуд.

   Ҳамзамон дар ҷаласа исоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуда, бурду бохти онҳо дар давраи ҳисоботӣ ҳамаҷониба арзёбӣ гардид.

     Қайд карда шуд, ки мақомоти прокуратура дар ин давра фаъолияти худро беҳтар намуда, дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ ба пешравиҳо ноил гардид.

Аз натиҷаи таҳлилу ҷамъбаст ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ вазифаҳои мақомоти прокуратураро дар семоҳаи дуюми соли 2018 муайян намуд.

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ