Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Назиров Н.С. бо моддаҳои 74 ва 104 бандҳои «в,г,д,з,м,н» (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

  Назиров Н.С. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ аз аввалҳои соли 1994 то моҳи майи соли 1998 ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Раҳимов А. бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади  ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот ташкил шуда буд, аъзо гардида, тибқи супориши роҳбари даста Раҳимов А. бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш барои таъмин намудани аъзоёни дастаашон бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ аз деҳаи Каскун, ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ба деҳаи Тегирмӣ, ҷамоати деҳоти Комсомолобод омада, аз шахсони ба тафтишот номаълум ду куттӣ тири автомати тамғаи Калашников, 12 адад тири гранатомёт гирифта, ба қароргоҳи дастаашон раҳсипор шудаанд.

23 июни соли 1996 тахминан соати 1400 Назиров Н.С. ва дигар ҳаммаслаконаш бо истифода аз яроқҳои оташфишон ба автобуси тамғаи КАВЗ-685 таҳти идораи ронанда Шарипов М.Т. дар дохилаш шахси низомӣ ва дигар мусофирон, ки аз самти деҳаи Чорсада ба тарафи марказӣ ноҳияи Нуробод ҳаракат мекард, ҳуҷум намуда, ба сӯи автобус тирпарронӣ намудаанд.

Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳона ронанда Шарипов М.Т. ҳалок гардида, автомашина ба ҷарӣ чаппа шуда, корманди қисми низомии №3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Н.З., мусофирони дигар Шоев А., Шарипов 3., Холов С., Абдуллоев А.Ҳ., Абдуллоев Н.Ҳ., вафот карда, Қличов С.Ш., Бачаҷонов Ё.И., Ҳусейнова М.Т.,Ҷумъаев Н.С., Шаробова З.Ш. ва ноболиғ Муслимов A.F. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ннчунин, автобуси тамғаи  мазкур, ки ба собиқ Кумита оид ба нафту гази назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошт, корношоям гардида, ба давлат мутаносибан бо асъори миллӣ 2.000 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 27 декабри соли 2017 Назиров Н.С. бо моддаҳои дар боло дарҷгардида гунаҳкор дониста шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол, бо адо намудани  ҷазо дар колонияи  ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ