7 июли соли 2017 дар суди ноҳияи Исмоили Сомоиии шаҳри Душанбе парвандаи ҷнноятӣ иисбати Маҳмадиев М.Ф. бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 4011 Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Маҳмадиев М.Ф. барои он гунаҳкор дониста шуд, ки ӯ охирҳои моҳи декабри соли 2014 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Шарҷаи Давлатӣ Дубайи АМА рафта, тахминан аввалҳои моҳи феврали соли 2015 дар шабакаи интернетии «ZELLO» барномаи «Роҳнамо ба сӯи давлатӣ исломӣ»-ро пайдо намуда, ба он пайваст шудааст. 

 Сипас, бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистои бо тахаллуси «Ҷундулло» шиносоӣ пайдо намуда, ба даъватҳои ӯ бобати иштирок дар ташкилоти террористиву экстремистии «Давлатӣ Исломӣ», суханронӣ намуда, ғоя ва акидаҳои ин ташкилотро ҷонибдорӣ карда, дар барномаи мазкур худро бо номи «Салимов А.» ба қайди расмӣ гирифтааст.

Дар ин раванд Маҳмадиев М.Ф. бо дигар аъзоёни ин ташкилот бо номҳои «Муҳаммад Муъовия, Сайфулло, Абу-Муҳаммад, Халид-ибн-Валид, Абду-Довуд ва Абу-Усомаи Норакӣ» гуфтушунидҳо намуда, ақида ва ғояҳои онҳоро дастгирӣ намуда, дар робита бо онҳо қарор гирифтааст.

Номбурда бо максади аъзои ин ташкилоти террористиву экстремисти шудан ва дар ин раванд дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурияи Араб ва Ироқ иштирок намудан, тахминан охири моҳи феврали соли 2015 чиптаи ҳавоиайморо ба самти «Дубай-Стамбул» харидорӣ намуда, ба Давлати Туркия парвоз намуда, аз он ҷой ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтааст.

Минбаъд, Маҳмадиев М.Ф. ба Давлати Туркия баргаштааст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 7 июли соли 2017 Маҳмадиев М.Ф.бо моддаҳои дар  боло қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол маҳкум карда шуд.

 

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ