3 августи соли 2017 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар нимсолаи  аввали соли 2017 баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки мақомоти прокуратура дар ин давра ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  инчунин мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.  Диққати асосӣ ба иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва қарори Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2017 дода шуда, баҳри иҷрои онҳо нақша чорабиниҳои дахлдор  таҳия ва қабул гардиданд.  

 Қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ шуда, 9386 нафар шаҳрвандон қабул ва 6202 муроҷиатҳои хаттии онҳо баррасӣ гардида, 1115 адад ва ё 18 фоизаш қонеъ карда шуданд.   

Яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ назорати умумӣ буда, дар ин давра бо мақсади муайян намудани вазъи иҷро ва риояи қонунҳо 3160 маротиба санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷа 31398 қонунвайронкуниҳо ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо чораандешӣ карда шуданд.

Бо ин мақсад унвонии роҳбарони мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхона, соҳибкорон ва шаҳрвандон 5330 амр, 2848 пешниҳод ва 3788 эътироз оварда, дар асоси қарорҳои прокуророн 7138 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуда, 13333 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1787 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардид.

Дар ин давра ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ диққати хоса дода шуда, бо дахолати прокуророн 326 млн сомонӣ зарар барқарор карда шуд, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта – 49  млн. сомонӣ  зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳолатҳои зиёди муомилоти ғайриқонунӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳгор 215 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 69 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 

Дар раванди назорат ба иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ 51 млн. сомонӣ ва 6,5 млн. доллари ИМА қарзҳои бонкӣ барқарор карда шуд.

Баҳри рӯёнидани қарзҳо ба судҳои иқтисодӣ 17 даъво ба маблағи 21 млн. сомонӣ ва 2,3 млн. доллари ИМА пешниҳод гардид.

Оид ба ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва амволи боваркардашуда 174 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Баҳри назорати иҷрои қонунгузории андоз тадбирҳои муассир андешида, 132 млн сомонӣ қарзи андоз барқарор ва ба судҳо 30 аризаи даъвогӣ оиди рўёнидани 21 млн. сомонӣ  бақияпулиҳо пешниҳод карда шуд  (1424 парвандаи маъмурӣ ва 43 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд).

Вобаста ба таъмини назорати риояи қонунгузории гумрук 515 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 13 млн.сомонӣ ошкор карда шуд (22 парвандаи ҷиноятӣ ва 493 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд).

Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин дар ин самт 1 422 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 2252  нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 540  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва  3772  гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. 

Дар самти ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» прокуророн 204 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбати 332 нафар парвандаҳои хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ба судҳо ирсол намуданд.

Дар рафти назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»1940  нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 88 парвандаи ҷиноятӣ  оғоз ва ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмуну мўҳтавои он 830 сўҳбату вохўриҳо баргузор карда шуд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 12 638 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 4077адад аз ҷониби мақомоти прокуратура  ошкор карда шудааст.

Муфаттишони прокуратура тафтиши 2214 парвандаи ҷиноятиро баитмом расонида, 2062 парвандаро ба суд фиристониданд.

Бо мақсадитаъмини адолати судӣ прокуророн дар баррасии 8055 парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ  304 эътироз оварда, ҷиҳати руёнидани товони зарар 471 даъво ба маблағи умумии 158  млн. сомонӣ ба судҳо пешниҳод кардаанд. 

Вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти Исқтиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар мавзўҳо дар байни аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатии вазорату идораҳо, инчунин муассисаву ташкилотҳо 3424 вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 783 маротиба баромадҳо баргузор карда шуданд.

 

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ