Сокини ноҳияи Шаҳринав Абдусатторов Ғанӣ Абдусаторович 14 июни соли 2017 бо ҳукми суд бо моддаҳои 401прим., 401 ва 32 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ дар прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати Абдусатторов А.Ғ. муайян намуд, ки номбурда ҳадафҳои нопоки ташкилоти терористию экстримистии «Давлати Исломии Ироқу Шом»-ро дастгирӣ ва бо дигар аъзоёни ин ташкилот робитаи мустаҳкам барқарор намудааст.

Бо ин мақсад барои ҷалби дигар шаҳрвандони дохили ва хориҷӣ ба сафи ин ташкилот кӯшиш ва мусоидат намудааст.

 13 феврали соли 2017 ҳангоми амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронааш Абдусатторов А.Ғ. дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шудааст.

 Номбурда чи дар рафти тафтишоти пешакӣ ва чи дар рафти мурофиаи судӣ аз кардааш пушаймон шуда бошад ҳам, чи тавре дар урфият мегуянд  «пушаймонӣ суде надорад».

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ