Имрӯз 15 июли соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлати Тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-истироҳатии ба номи «А.Мироненко» воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт пурра азнавсозӣ гардида, баҳри истифодаи сокинони пойтахт пешниҳод карда шуд. Дар расми ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони сершумори шаҳраку маҳаллаҳои атрофи боғ иштирок карданд.

  Корҳои азнавсозии Боғи фарҳангӣ-истироҳатии «А.Мироненко» аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумлаи корҳо азнавсозии сохтмони фаввора, насби атраксионҳо барои бозии кӯдакон, павилионҳо барои бозии шоҳмоту шашка, соябонҳо ва иншооти дигар барои истироҳату фароғати сокинон ба шумор мераванд. Ҳамчунин майсазорҳои боғ сабзу хуррам гардонида шуда, дар ду ҷониби роҳравҳо нишасткурсиҳо гузошта шудаанд.

Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ, ва бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд сохта ба истифода дода шудааст. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ