Имрӯз 14 июли соли 2017, дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти прокуратура ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 11 июли соли 2017 баргузор гардида буд,  ҷаласа доир гардид.

  Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши қонуни мазкур дар рафти пешрафти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ба танзим даровардани суннатҳои диниву мардуми, пешгирии роҳи хурофоту таасуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаривӣ махсус таъкид намуда, бори дигар аз масъулин риоя ва назорати иҷрои қонунро талаб намуд.  Дар баробари ин, дар ҷаласа дигар паҳлуҳои суханронии Пешвои миллат ба саҳми кормандон расонида шуд.  Дар охир дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, ҷиҳати дар байни аҳолӣ мунтазам фаҳмонидани талаботҳои қонунгузории мазкур ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ вазифагузори карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ