Дар суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бутаев М.И. бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Бутаев М.И. барои он айдор карда шудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути шабакаи интернетии “Зелло” дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” бо “Муҳаммад Муовия” ном узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном “Давлати исломӣ” робита  барқарор намуда, даъвати ӯро оиди сафар ба Ҷумҳурии Сурия ҷиҳати пайвастан ба сафи ҷангиёни ин созмон пазируфтааст.

 “Муҳаммади Муовия” барои  Бутаев М.И. чиптаи электронӣ барои парвоз бо ҳавопаймо  тавассути хатсайри “Самара-Москва-Кишинёв-Истамбул” харида, номбурда 27.12.2016 дар фурудгоҳи шаҳри Самара ҳангоми савор шудан ба ‘ҳавопаймои хатсайри “Самара-Москва” аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 09.03. 2017 Бутаев М.И. бо моддаҳои номбурда КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣмаҳрум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ