07 июни соли 2015 шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Исфара, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Нурматова Сарахан Қолдошевна, соли таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи шаҳри Баткент, ки бо мақсади таъмир намудани мошинаи дарздӯзӣба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буд, вохӯрда, баъди дар байнашон ба миён омадани муноқиша бо мақсадҳои ғаразнок ба сари Нурматова С.Қ. ҷароҳат мерасонад.

  Шаҳрванд А.А. ба ин қаноат накарда, бо рӯймоли сари ҷабрдида гулӯи вайро буғӣкарда, ба халокат мерасонад ва як ҷуфт гушвор, ду адад ҳалқабанди тилоӣ, матоъҳои занона ва мошинаи дарздӯзиро тасарруф намуда, бо мақсади пинҳон  намудани ҷинояти содирнамудааш ҷасади Нурматова С.Қ.-ро ба ҳудуди ҶШСК “Ангишт” шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара бурда, ба чуқурӣпартофта, болояшро бо сангу шағал мепӯшонад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣҷасади Нурматова С.Қ. дарёфт гардида, нисбати шаҳрванд А.А.аз ҷониби прокуратураи шаҳри Исфара бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣоғоз карда шудааст ва тафтиши пешакӣидома дорад.

Хабарҳо