14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

Подробнее...

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Подробнее...

16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.

Подробнее...

17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Давлати Қатар Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ доир гардида, дар рафти он тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расонида шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Подробнее...

23-уми январи соли 2024 дар Донишкадаи омўзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура дар заминаи барномаи тасдиқгардида бо иштироки муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ, генерал-майори адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад машғулиятҳои назариявию амалӣ бо 37 нафар мутахассисони ҷавони мақомоти прокуратура оғоз гардид, ки он то 27 январи соли ҷорӣ идома дошт.

Мақсади баргузории чорабинии мазкур аз такмили донишҳои назариявию амалӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони ҷавон дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ ва  тафтиши ҷиноятҳо иборат буда, ба машғулиятҳо кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, муаллимони Донишкада ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷалб карда шудаанд.

Подробнее...