Маҷалла

   Прокуратураи ноҳияи Ёвон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории А.А., соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвонро дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаҳои 138 қисми 3 банди “д” (таҷовуз ба номус) ва 147 қисми 2 банди “а” (вайрон намудани дахлнопазирии манзил) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд...

Номбурда барои он айбдор карда шудааст, ки 11 апрели соли 2015 тахминан соати 21 ғайриқонунӣ ва бархилофи хоҳишу иродаи соҳибхона вориди манзили истиқоматии собиқ завҷааш Б.Б. шуда, номбурдаро зери дашном ва лату кӯб қарор дода, зӯроварона бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардааст.
Парвандаи ҷиноятии мазкур аз тарафи роҳбарияти прокуратураи вилояти Хатлон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуд.