Имрӯз - 13 апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Ш.Ҷ. ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Ю.А. тибқи Нақшаи тасдиқгардида бо кормандони ин мақомот мулоқот намуданд.

Мулоқоти мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 13 марти соли 2018 дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура дода шуда буд, доир гардид.

Прокурори генералӣ Раҳмон Ю.А. оид ба натиҷаи вохурии Пешвои миллат бо кормандони мақомоти прокуратура ва вазифаҳои дар ин вохӯрӣ ба зиммаи мақомот гузошташуда суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат бешубха дар худ барномаи мукаммали фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти таъмини қонуният дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Зимнан таъкид гардид, ки назорати иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вусъат дода шуда, бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ба корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар дода, тарзу усулҳои муосири фаъолиятро дастрасу татбиқ карда, дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакй амалӣ гардидани принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳиро таъмин намуда, поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон, истифодаи усулҳои ғайриконунпи таҳқиқу тафтиш, дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва дигар амалҳои номатлуб қатъиян пешгирӣ карда шаванд.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ кормандони зертобеи он муаззаф гардиданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта ва сифатан беҳтар намудани он дар самтҳои зикршуда тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ