6-7 феврали соли 2018 бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар рафти сафари корӣ мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Б. Муродов баргузор гардид...

      Ҷонибҳо қайд намуданд, ки сафари мазкур бо иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев сурат гирифта, давоми муносибатҳои ботадриҷ  рушдёбандаи  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар  самти  ҳамкориҳои  ҳуқуқӣ  мебошад.

      Дар рафти мулоқот масьалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ, алахусус  ҳифзи ҳуқуқи  шаҳрвандони  якдигар,  дастгирии ҳуқуқии соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои ғайриқонунии рушди он, кофтуков ва истирдоди шахсони дар кофтуков қарор дошта, расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, созмон додани гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ барои тафтиши парвандаҳои ҷиноятии трансмиллӣ ва транссарҳадӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаи прокуророн дар сатҳи прокуророни вилояту шаҳрҳои наздисарҳадӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, дар  натиҷаи  мулоқот  Созишномаи  ҳамкории байниидоравӣ ба имзо расонида шуд.

     Инчунин, дар доираи сафари корӣ мулоқотҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон П.Р. Бобоҷонов ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон К.Ф. Комилов  баргузор  гардида,  масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ  гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ