Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззатов Умиджон Эминжонович бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “е” ва 32 қисми 3-104 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ  баррасӣ гардид.

Иззатов У.Э. барои он айбдор дониста шудааст, ки 22 феврали соли 2017 тахминан соати 1930 дақиқа дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Усмонов Абдулҳомид Абдулҳафизович доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ карда ӯро таҳқир ва дашном медод, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А.А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ӯ вохӯрдааст...

 Зимни суҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А.А., ӯ бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан, аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз тахминан соати 2030 дақиқа ҳангоми аз тарафи ӯ содир намудани куштори Усмонов А.А. падари номбурда Усмонов Абдулҳафиз Холматович садои ба ёрӣ даъват намудани писарашро шунида, ба наздашон омадааст.Иззатов У.Э. бо мақсади ба қатл расонидани Усмонов А.Х. бо корди дар дасташ буда, ду зарба ба қисми гардани номбурда задааст, аммо бо сабаби муқобилияти сахт нишон додани ҷабрдида қасди ҷинояткоронаи худро ба охир расонида натавонистааст.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2017 Иззатов У.Э. бо моддаҳои дар  боло   қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол маҳкум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ