Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  06.04. 2017 парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Назаров Ш.Ш.-ро бо моддаҳои 32 қ. 3 - 104 қ. 1 ва 104 қ. 2 банди «п»  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ анҷом дода шудааст,  баррасӣ намуд.

 Назаров Ш.Ш. барои он айбдор карда шудааст, ки шаби 05.012017 дар ҳолати мастӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ бо мақсади сӯиқасди куштор яъне, аз ҳаёт маҳрум сохтани падараш Назаров Ш.Т.,  бо табари дар дасташ буда ба ӯ якчанд зарба зада, ба ӯ чароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст. Назаров Ш.Ш.,  кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади куштори шахси дуюм, яъне модарандараш Назарова Р.Р., ки ҳамон лаҳза тасодуфан рӯбаруяш омадааст, бо табар  ду зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ задааст.  Назарова Р.Р. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Назаров Ш.Ш. бо моддаҳои дар  боло  қайдгардида  гунаҳгор дониста шуда, ба  муҳлати 22 сол  аз озодӣмаҳрум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ