29.07.с.2015 тахминан соати соати 15.30 дақиқа ҷасади шаҳрванд Ҳусейнов  Зафар  Файзиддинович, соли таваллудаш 1978, миллаташ тоҷик, бекор, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, шаҳраки С.Исоев, кӯчаи Рӯмӣ, бинои 59, хонаи №18, дар манзили истиқоматиаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муқаррар гашт, ки ин кушторро шаҳрванд А.А., соли таваллудаш1964, истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир кардааст.

Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ҷ.Румӣнисбати А.А. бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.