Сидиқов Қаюм Шералиевич каблан бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 11 октябри соли 2006 дар содир намудани чинояти бо моддаҳои 200 кисми 4 банди “д” ва 289 кисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 22 сол аз озоди маҳрум гардида, аз ин ба худ хулосаи лозими набароварда боз даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

 Чунончӣ, Сидиқов Қ.Ш. моҳи декабри соли 2017 дар манзили истикоматии бародараш Сидиқов Минҳоҷиддин Шералиевич, вокеъ дар деҳаи Нуристони шаҳри Турсунзода, ҳангоми баргузории маъракаи «садақа» иштирок намуд. Дар маъракаи зикршуда Сидиқов Қ.Ш. дидаю дониста, ки бо қарори раиси Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода  масҷиди панҷвақтаи деҳаи Нуристон бинобар сабаби ғайриқонунӣ фаъолият карданаш ба ҷои ҷамъиятӣ табдил додашуда, таъиноти истифодабарии  он  тағйир дода шудааст,  бартарии ҳудро нисбат ба дин нишон дода, дар ин ҷода бо раиси кумитаи маҳаллаи Нуристон Мирзоев Маҳрам Холиқович ва имоми деҳаи мазкур Содиров Мамаюнус Мамараҳимович баҳс намуда, раиси ҷамоати 10-солагии Истиқлолият, Раиси шахри Турсунзода ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро барои манъ намудани намозгузорӣ дар масҷиди номбурда «кофир» номида, бо ин роҳ дар байни иштирокчиён барангехтани кинаю адовати динӣ ва тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба динро ба амал овард.

 

Ғайр аз ин, Сидиқов Қ.Ш. бинобар сабаби таассуби баланди динӣ доштанаш аз кирдорҳои ғайриқонунии қаблан содирнамудааш қонеъ нагардида, 5 феврали соли 2018 дар маҷлиси сокинони деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, бори дигар дар бораи қатъ  кардани фаъолияти масҷиди номбурдаро беасос  шуморида, қайд намудааст, ки  «Мо бояд барои кушодани масҷид ҳаракат кунем». Чунин суханронии беасос ва ғайриқонунии Сидиқов Қ.Ш. боиси ноором гардидани вазъи маҷлис ва безобитагии иштирокчиёии он гардидааст.

        Нисбати Сидиқов Қ.Ш. бо аломатҳои моддаи 189 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳр аз 8 июни соли 2018 Сидиқов Қ.Ш. дар содирнамудани ҷиноятӣ бо моддаи 189 қисми 1 (барои ташкили гуруҳи ҷинояткорӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонгунаҳгор дониста шуда, бо ӯ бо ин модда ба муҳлати 3 сол аз озоди маҳруми дар  колонияҳои ислохии дороӣ низомаш сахт  ҷазо таъин карда шудааст.

         

 

       Маркази матбуоти

       Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо