Ноёфтов Ақназар Пайшанбиевич, санаи таваллудаш 12.07 соли 1989, ғайриқонунӣ худро намояндаи ширкати «LNS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифӣ карда, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳхатҳои туристӣ, таҷҳизотхои маишии барқӣ ва ғайра пешниҳод мекардааст.

    Аз ҷумла, 11 апрели соли 2019, тахминан соати 17:47 дақиқа Ноёфтов А.П., ҳангоми фаъолияти ғайриқонуниаш ба сифати намояндаи ширкати туристии «LNS», бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» муомилоти пулӣ бо асъори хориҷиро ба анҷом расонида, ба харидорони шартӣ 2 адад роххати туристӣ, 2 адад соат, 2 адад дастмона ва 4 адад таҷҳизотҳои маишии барқиро бо арзиши 5000 доллари ИМА ва 6000 сомонӣ нархгузорй намуда, ин маблағро аз онҳо гирифтааст.

  Дар баробари ин дар рафти санҷиш маълум гардид, ки Ноёфтов Ақназар Пайшанбиевич бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ худро намояндаи ширкати «LNS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, даст ба ташкили пирамидаи молиявй зада, аз шаҳрванд Рамхудоев     Афзалшо Мақбулшоевич маблағи 5720 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ҳамчун аъзо дар сомонаи интернетии ширкати «LNS» ба ӯ утоқи корни алоҳида кушода, ҳангоми ҷалб намудани боз ягон нафари дигар ба аъзогии ширкат, аз ҳисоби ширкат барои ҳар як нафари ҷалб мекардаашон ба ӯ 40 доллари ИМА, пардохт карда мешавад.

    Ноёфтов А.П. бо роҳи фиреб аз Рамхудоев А.М, маблағи 5720 сомонй гирифта онро тассаруф намуда, ба ӯ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Нисбати Ноёфтов А.П. бо аломатҳои моддаҳои 286 қисми 2 ва 247 қисми 2 бандҳои “а,в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни замон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо