8 марти соли 2019 Директори муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Шаҳринав, Розиқов Аминҷон Содиқович, бархилофи талаботи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, давомнокии тӯйи домодии фарзандашро зиёда аз се соат, дар маҳалли истиқоматаш аз соати 09- 00 то 12-00 ва аз соати 18-00 то 21-00 ҳамон рӯз бо иштироки санъаткорон гузаронидааст.

   Тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар шудааст.

   Розиқов А. бошад бархилофи талаботи зикргардида амал намуда, 8 марти соли 2019 зиёда аз се соат туйи домодии фарзандашро дар маҳалли истиқоматаш баргузор кардаааст.

  Нисбати Розиқов Аминҷон Содиқович бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ намудан, ба суди ноҳияи Шаҳринав ирсол карда шуд.

   Бо қарори суди ноҳияи Шаҳринав, Розиқов А.С. барои чунин қонунвайронкунӣ ба анзодаи панҷсад (500) нишондиҳанда баробар ба 27500 сомонӣ ҷаримабанди карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо