8 сентябри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи  Прокуратураи генералӣ бо иштироки  кормандон дар мавзӯи омӯзиши “Барномаи таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” машғулияти семинарӣ баргузор  гардид.

 Қайд гардид, кибо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1504 аз 30 августи соли 2013 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуда, санади мазкур ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва дар ин раванд коҳиш додани оқибатҳои манфии он ба ҷамъият чорахои маҷмуии ташкилӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Бояд  тазакур  дод, ки коррупсия ҳамчун падидаи ба равандҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ алоқаманд ва барои ҷамъият хавфнок сабабу шароит ва шаклҳои барои ҳар як мақомоти давлатӣ хос зуҳур карданро дошта, Стратегия дар вазорату идораҳо қабул намудани барномаҳои зиддикоррупсионии дохилиидоравиро пешбинӣ намудааст.

Таҳлили хавфҳо, ошкору пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, андешидани чораҳои гуногуни таъсирбахш ва судманд  ҳадафҳои асосии ин Барномаҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар хотимаи машғулият вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда  музокираҳо доир  гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо