29-30 августи соли 2017 бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз”-и  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе ва  ҶСК “Сементи Тоҷик” дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохурӣ доир гардид.

Дар вохурӣ  қайд гардид, ки Истиқлолият барои мардуми  мамлакат  имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва  пешрафти минбаъдаи кишвари азизро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоянд. 

Ҳамзамон вобаста ба аҳамият ва дастовардҳои Истиқлолияти  давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозиисулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ қайд карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо