5 сентябри соли 2017 бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” дар мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вохурӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ вобаста ба аҳамият ва дастовардҳои Истиқлолияти  давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ҳамзамон оид  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо