5 сентябри соли 2017 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб, Нуробод ва Файзобод бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба “Аҳамият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру  иловаҳо  ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вохурӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ қайд гардид, ки Истиқлолият барои мардуми  мамлакат  имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва  пешрафти минбаъдаи кишвари азизро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоянд.

Ҳамзамон дар рафти вохурӣ вобаста ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ, таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқдисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии  кишвар, ҳамчунин оид  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд карда шуд..

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо