30 августи соли 2017 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохурӣ доир гардид.
Дар вохурӣ қайд гардид, ки комёбиҳои бузурги даврони истиқлолият- барқарор намудани сулҳу суботи комил, рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар муваффақиятҳо самараи сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии халқи тоҷик мебошад.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ