Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва дарназардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул шудааст. 

   Барой он,ки рушди ҷомеа ба маҷрои дуруст ворид шавад, мардум аз душворию монеаҳои сунъӣ, анъанавӣ озод шаванд, давлат чораи зарурии ҳуқуқӣ пешбинӣ намуд. Дар ҳолатҳое, ки урфу одат ва анъанаҳои миллию динӣ дар доираи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян ба манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ мухолиф баромада, садди роҳи инкишофи ҷамъият ва давлат мегарданд, давлат на танҳо ҳуқуқ дорад, балки ӯхдадор аст, ки онҳоро мавриди танзим қарор диҳад ва ба манфиати миллату халқ мувофиқ намояд.

    Санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳад, ки новобаста аз корҳои дар ин самт ба сомон расонидашуда, ҳолатҳои риоя накардани талаботҳои Қонуни мазкур аз тарафи шаҳрвандон ҷой дорад.

  Зимни санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз тарафи прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ муйян гардидааст, ки Юсупов Икромалӣ Октамович, сокини ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти «Ҷилликӯл», деҳаи Гулафшон бархилофи талаботи қисми 3-и моддаи 14-и Қонуни мазкур туйи домодию, арӯсии писараш Юсупов У.И. барпо намудаст.

Нисбати Юсупов И.О. аз тарафи прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, аз тарафи суди ноҳияи Дӯстӣ, парвандаи мазкур мавриди баррасӣқарор гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунанда ҷазои маъмурӣтаъин карда шуд.

   Бо ҳамин монанд аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб нисбати шаҳрванд Муродов С.Р. ва прокуратураи ноҳияи Қубодиён нисбати Рузибоев И.М. барои риоя накардани талаботҳои қонуни мазкур, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣоғоз карда шуда, баъди аз тарафи суд мавриди баррасӣқарор гирифтан нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои маъмурӣтаъин карда шудааст.

  Бояд қайд кард, ки мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазоимаънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ