Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Халилов Абдукарим Абдужалилович, бо моддаҳои 138 қисми 1, 138 қисми 3 бандҳои “д, е” (Таҷовус ба номус) ва 104 қисми 2 бандҳои “в, л” (Одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ гардид.

  Муайяан карда шудаст, ки 3 феврали соли 2021 тахминан соати 22 Халилов А.А. дар дукони фурӯши нушокиҳои спирта, воқеъ дар кӯчаи А.Юсуфӣ, Ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор қарор дошта, тахминан 500 грамм нушокии спиртии арақ истеъмол карда, маст мешавад. Дар дукони мазкур Қаҳорова Шаъмигул Ҷамшедовна қарор дошта, нушокии спиртии арақ истеъмол намуда, ӯ низ маст мешавад.

  Халилов А.А. мебинад, ки Қаҳорова Ш.Ҷ. дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳаракату кирдорҳои худро идора карда наметавонад, ба худ мақсад мегузорад, ки бо номбурда алоқаи ҷинсӣ кунад. Бо ин мақсад ӯ ба назди терминали мусофиркашонии ш.Ҳисор омада, автомашинаи тамғаи “Опел”-ро кироя карда, ба ронанда мегӯяд, ки ӯ ва маъшуқааш маст шудаанд, онҳоро то ба наздикии меҳмонхонаи “Даҳбед” бурда расонад, ки ронанда ба ин таклиф розӣ шуда онҳоро ба суроғаи дарназардошта бурда мерасонад.

  Халилов А.А. бо мақсади бо Қаҳорова Ш.Ҷ. алоқаи ҷинсӣ кардан, ӯро ба тарафи чапи канори роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаюмови ш.Ҳисор гузаронида, аз вазъияти оҷизона, яъне дар ҳолати мастӣ ва беҳушӣ қарор доштани Қаҳорова Ш.Ҷ. истифода бурда, бо ӯ як маротиба алоқаи ҷинсӣ менамояд.

   Баъди ин, Халилов А.А. Қаҳорова Ш.-ро ҳамон ҷо гузошта, худаш ба дукони фурӯши нушокиҳои спиртии “Хушбахт”, ки дар наздикии роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаюмови ш.Ҳисор ҷойгир аст, рафта боз 200 грамм нушокии спирта истеъмол карда, дар ҳолати мастӣ такроран ба назди Қаҳорова Ш.Ҷ. баргашта, мехост, ки бори дигар бо номбурда алоқаи ҷинсӣ намояд. Вале Қаҳорова Ш.Ҷ. каме ба ҳуш омада, намегузорад, ки Ҳалилов А.А. бо вай алоқаи ҷинсӣ намояд. Аз ин, Халилов А.А. ба ғазаб омада, бо истифодаи зӯроварӣ бо мушт ба қисмати тарафи роста рухсораи ҷабрдида мезанад. Баъдан боз Халилов А.А. бо санг ду маротибаи дигар ба қисмати сари ҷабрдида зарба зада, баъд аз ин бо Қаҳорова Ш.Ҷ. як маротибаи дигар алоқаи ҷинсӣ менамояд. Пас аз ин Халилов А.А. дидаю дониста, ки Қаҳорова Ш.Ҷ. дар вазъияти оҷизона қарор дорад, бо нияти рӯйпӯш намудани ҷинояти таҷовуз ба номуси ҷабрдида, бо мақсади одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Қаҳорова Ш.Ҷ.,. бо дасти чапаш гулӯи номбурдаро фишурдааст. Дар натиҷа роҳҳои нафасгирии Қаҳорова Ш.Ҷ. маҳкам шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва Халилов А.А. бошад аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

  Баъди тафтиш ба Халилов А.А. бо моддаҳои 138 қисми 1, 138 қисми 3 бандҳои “д, е” ва 104 қисми 2 бандҳои “в, л” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда, парвандаи ҷиноятӣ ба Суди Олӣ ирсол кардашудааст.

  Бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2021 Халилов А.А. бо моддаҳои боло зикршуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодй ба муҳлати 29 сол, бо адо кардани ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш сахт, таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Хабарҳо