7 ноябри соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ШМА мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Муовини Вазири адлияи ШМА Брюс Швартс баргузор гардид.

  Дар рафти мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷонибаро миёни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи ШМА баррасӣ карда, роҷеъ ба такмили ҳамкориҳо дар самтҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили барои ҳарду кишвар манфиатбахш табодули афкор карданд.

 

Брюс Швартс ба ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар раванди тафтишоти ҳодисаҳои террористӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Дар баробари ин ҷонибҳо зарурати такмили пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни ду мақомотро таъкид намуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо