Прокуратураи ноҳияи Файзобод ҳолати иҷрои қонунгузории заминро санҷида баромада, муайян кардааст, ки шаҳрванд А.А. моҳи майи соли 2015 бо мақсади сохтмони бинои ёрирасон 34,7 м2 қитъаи замини гурӯҳи кишоварзиро бидуни ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ишғол намуда, дар он худсарона сохтмон бунёд кардааст.

Аз ин рӯ, 13.06.2015 нисбати номбурда, барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, бо аломатҳои қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва тафтиши пешакӣ идома дорад.

Хабарҳо