Хабарҳо

Тақвияти назорати прокурора оид ба риоя ва иҷрои қонунгузории замин

  Рӯзҳои 11-12-уми апрели соли 2019 дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ бо кормандони мақомот вобаста бо самти қонунгузории замин дар мавзӯи “ Ташкили назорати прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории замин” бо ҷалби муаллимони Донишкада, роҳбарият, ва кормандони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратурам генералӣ, мутахассисони кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Донишкадаи лоиҳакаши- таҳқиқотии “Фазо” баргузор гардиданд.

 Дар машғулиятҳо сардорони бахшҳои назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ш.Душанбе, ёрдамчиёни прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, тобеи ҷумҳурӣ, нақлиёти Тоҷикистон ва ВМКБ, ҷамъ 40 нафар иштирок карданд.

Шунавандагон бо тарзу усулҳои гузаронидани санҷишҳо, роҳҳои пешгирӣ, ошкор ва бартарафкунии қонунваӣронкуниҳо дар самти истифодаи замин, таҳия ва ирсоли саривақтии санадҳои эътиноии назорати прокурорӣ ва самаранокии онҳо, истифодаи технологиям муосир ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва ғаӣраҳо бо пуррагӣ бархурдор гардиданд

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ