Хабарҳо

Э Ъ Л О Н

 Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон... 

  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои  ишғоли мансабҳои холии мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав, мутахассиси прокуратураи ноҳияи Варзоб, мутахассиси прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мутахассиси пешбар–сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ, мутахассиси шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар Прокуратураи генералӣ, мутахассиси Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мутахассиси пешбари Раёсати корҳо, мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ эълон менамояд.

  Музди меҳнати вазифавии мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ва мутахассиси прокуратураи ноҳияи Варзоб-630 сомонӣ, мутахассиси прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ-696 сомонӣ, мутахассиси шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар Прокуратураи генералӣ-804 сомонӣ, мутахассиси Раёсати корҳо-804 сомонӣ, мутахассиси пешбари Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура-978 сомонӣ, мутахассиси пешбар сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ-978, мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо-978 сомонӣ ва сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ-1200 сомонӣ мебошанд.

   Талаботҳои асосӣ нисбат ба довталабон ба мансаби мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринавва мутахассиси прокуратураи ноҳияи Варзоб:

-дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносии Донишгоҳҳои олие, ки мақомоти прокуратура бо онҳо шартномаи дутарафа дорад (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянӣ-Тоҷикӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;

-синну сол то 35 сола;

-доғи судӣ надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

-кор бо компютер;

-ҳатман донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.  

 

  Талаботҳои асосӣ нисбат ба довталабон ба мансаби мутахассиси шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар Прокуратураи генералӣ ва мутахассиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ:

-дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносии Донишгоҳҳои олие, ки мақомотипрокуратура бо онҳошартномаидутарафа дорад (Донишгоҳимиллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянӣ-Тоҷикӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;

-синну сол то 35 сола;

-доғи судӣ надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

-кор бо компютер;

-ҳатмандонистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;   

-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.  

 

Талаботҳои асосӣ нисбат ба довталабон ба мансаби мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳоПрокуратураи генералӣва Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносии Донишгоҳҳои олие, ки мақомоти прокуратура бо онҳо шартномаи дутарафа дорад (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянӣ-Тоҷикӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон);

-синну сол то 35 сола;

-доштани собиқаи кории умумии меҳнатӣ на кам аз 1 сол;

-доғи судӣ надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

-кор бо компютер;

-ҳатмӣ донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;   

-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.  

 

Талаботҳои асосӣ нисбат ба довталабон ба мансаби мутахассиси пешбар – сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ:

-дорои таҳсилоти олии муҳандиси техникӣ;

-синну сол то 35 сола;

-доштани собиқаи кории на кам аз 1 сол вобаста баихтисос;

-доғи судӣ надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

-кор бо компютер;

-ҳатман донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.  

 

Талаботҳои асосӣ нисбат ба довталабон ба мансаби сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ:

-дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ;

-синну сол то 35 сола;

-доштани на кам аз 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-доғи судӣ надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд;

-кор бо компютер;

-ҳатмӣ донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад. 

 

Довталабон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

-ариза ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол (ҳатманпурра нишон додани ному насаби худ ва аъзои оила, руз, моҳ, сол, ҷоитаваллуд, ҷоиистиқомат);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

-хислатнома;

-маълумотнома (справка объективка);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).     

 

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсияномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони А.Сино – 126, индекс; 734043, телефон: 236-81-23, 236-68-03, факс 236-87-41 сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ