Хабарҳо

ЗАНИ ҶОҲИЛ

   Бунёда Буриева моҳи сентябри соли 2016 шавҳараш Элмурод Бегалиевро бо мақсади фурӯхтани манзилҳои истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қаҳоров, бинои 111, ҳуҷраҳои №17 ва 30 бо дору мадҳуш карда, бо истифода аз ҳолати оҷизӣ бо санг ба қатл расонида, баъди ин дар чуқурии қаблан дар фарши дигар ҳуҷра омода кардааш бо хоку санг ва сементпораҳо охиронро пурра зери хок намуда, рӯзи дигар бо ёрии мардикор болои онро сементпӯш намуда, ин манзилҳоро бо кӯмаки шаҳрванд Эгамов О.О. сохтакорӣ карда фурӯхтааст. 9 августа соли 2018 ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи манзили истиқоматии мазкур аз зери девор устухонҳо ва косахонаи сари Бегалиев Э.Р. дарёфт гардид.

  Ба ғайр аз ин Буриева Б.Л. моҳи ноябри соли 2015 ҳангоми дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доштанаш аз шаҳрванд Қарахонова Л.М. маблағи 487 ҳазор рубли русӣ ва шиносномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷии номбурдаро пинҳонӣ тасарруф намудааст.

    Бо ҳамин тарзу усул Буриева Б.Л. бо ҷалби бародари ноболиғаш Буриев А.Л. дар ду ҳолат тасарруфи маблаги пулӣ ба андозаи 800 сомонӣ, 200 доллари ИМА ва ҷавоҳиротҳои тиллоиро ба маблаги умумии 2 ҳазору 500 доллари ИМА содир намудаанд.

    Тафтишоти пешакӣ аз тарафи Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонида шуда, 13 марта соли 2019 бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Буриева Б.Л. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в, е, и, л”, 244 қисми 4 банди “б”, 339 қисми 1, 244 қисми 2, бандҳои “а, б, в”, 244 қисми 3 банди “а”, 165 қисми 1, 340 қисми 2 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва Эгамов О.О. бо моддаи 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 23 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ, бо ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ‘4000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ҷавобгарии моддӣ дошта, ба мӯҳлати 5 сол ва Эгамов О.О. бошад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол таъйин карда шуд.

   Аз ҳисоби Буриева Б.Л. зарари ба ҷабрдидагон Абдумадидова Р.Н. 2700 доллари ИМА, Қарахонова Л.М. 327 ҳазор рубли русӣ ва Саидов А.С. 800 сомонӣ расонидашуда руёнида шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ