Хабарҳо

ЗОДРӮЗРО ТАНҲО ДАР ДОИРАИ ОИЛА БОЯД ҶАШН ГИРИФТ!

 Ҳафизова Фируза Мусоевна аз соати 20 то 23-и 12 декабри соли 2018 бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зодрӯзи худро бо даъвати дугонаҳою шиносҳояш дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ, бинои 3, ҳуҷраи №64 ҷашн гирифтааст, ҳол он ки тибқи талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур зодрӯз танҳо дар доираи оила бояд гузаронида шавад.

  Прокурори ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе нисбати Ҳафизова Ф.М. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, бо қарори суд ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5 ҳазор сомонй ба фоидаи давлат ҷарима таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ