Хабарҳо

РИОЯИ ҚОНУН ҲАТМИСТ!

  Пардаев Чалғаш Буриевич, сокини ноҳияи Кӯшониён, талаботи моддаи 10, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуда, 10 ноябри соли 2018 аз соати 19:00 дар манзили истиқоматиаш бо даъвати хешовандон ва ҳамсинфони духтараш Матлуба Пардаева тӯйи арӯсии (чойгаштак)-ро бо додани зиёфат барпо намудааст.

   Рӯзи дигар бошад, 11 ноябр аз соати 10:00 то соати 13:00 бо даъвати ҳамсоягон ва хешовандон, маъракаи тӯйро бо додани таом гузарондааст.

4 декабри соли 2018 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Кушониён ин ҳолат ошкор карда шуда, нисбати Ҷ. Пардаев бо моддаи 481 қимси 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд. Бо қарори суди ноҳияи Кушониён Ҷ.Б. Пардаев ҷарима карда шуд


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ