Хабарҳо

НАТИҶАИ ҶАНҶОЛИ ОИЛАВИ

  18 майи соли 2018 шаҳрванд Хоҷаева Гулмира дар манзили истиқоматии падараш, воқеъ дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан бо ҳамсари бародараш Хоҷаева Гулшода, ки қаблан байнашон хусумати бадбинӣ ҷой дошт муноқиша карда, қасдан бо корди хоҷагии дар дасташ буда ба узвҳои баданаш зада, ба Хоҷаева Гулшода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст, ки дар натиҷа Хоҷаева Г. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

  Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратурам шаҳри Истаравшан нисбати Хоҷева Гулмира бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва минбаъд бо хукми суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии дороӣ низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ