Хабарҳо

Муомилоти ғайриқонунии бо асъори хориҷӣ

  Мувофиқи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” резидентҳо ва ғайрирезидентҳо амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавасути Бонкҳои ваколатдор ва шахсони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд.

 

   Тибқи Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 426 аз санаи 26.10.2000 сол “Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллӣ- сомонӣ” сомонӣ ва дирам воситаи ягона ва бемаҳдуди қонунӣ пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

   Гарчанде, шаҳрвандон дар доираи талаботҳои зикргардида амал намоянд ҳам, мутаасифона дар баъзе мавридҳо аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ин талаботҳои қонун риоя намегардад, ки чунин ҳолатҳо ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ ошкор карда шудааст.

Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 29 майи соли 2018 тақрибан соати 09-40 дақиқа шаҳрванд Шаропов Дилшод Муҳсиддинович, бархилофи талаботҳои дар боло номбурда, бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар наздикии филиали ҶСК “Агроинвестбонк”-Илҳом -и шаҳри Ҳисор буданаш, маблағи 10100( даҳ ҳазору сад) доллари ИМА, 100 доллараш баробар ба қурби 928 сомонй, ба маблағи умумии 93728 сомониро фурӯхта, амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст.

Бо гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ тафтишотӣ Шаропов Д.М. дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи пулии зикршуда ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокурори шаҳри Ҳисор нисбати Шаропов Д.М. аз рӯи аломатҳои моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Шаропов Д.М. дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, бо роҳи харид фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаи пардохт, гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 36500 сомонй таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ