Хабарҳо

Содир намудани ҷинояти авбошӣ

   Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Баротов Н.С., Носиров Ш.З. ва дигарон бо моддаҳои 237 қисми 2 банди «б» ва 237 қисми 3 банди «а»-и Кодекси  ҷиноятӣ пас аз дастгир намудани шахсони саркардаи ҳодисаи авбошӣ муайян карда шуд, ки Розиқов Шоҳрух Ҳасанҷонович рӯзи 28 марти соли 2018 тахминан соати 1700 дар назди ошхонаи «Ҳаловат», воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз ҳиссиётӣ авбошӣ бо шаҳрванд Баротов Наҷибулло Саидкулович ва дигарон дарафтода, байни худ муноқиша менамоянд. 

Сипас, Розиқов Ш.Ҳ. ба рафиқаш Миралиев Меҳроҷ Исматуллоевич занг зада, номбурдаро барои идомаи муноқиша даъват намудааст. Миралиев М.И., дар навбати худ рафиқонашон Табаров Абубакр Азамхонович  ва “Аловуддин” ном шахси номаълум бо лақаби «Аловак»-ро даъват менамояд. Розиқов Ш.Ҳ. бо рафиқонаш Миралиев М.И., Табаров А.А. ва “Аловуддин” ном шахси номаълум, дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи П.Ханжин, назди бинои №36 вохӯрӣ намуда, Баротов Н.С. ва рафиқонашро ҷустуҷӯ намуда, дар онҷо интизор мешаванд. Дар ин муддат “Аловуддин” барои ба муноқиша ва ҷанҷол тайёр будан ба рафиқи дигарашон, Носиров Шахзод Зиёдуллоевич занг зада ӯро низ барои муноқиша даъват менамояд.

Тахминан 10-15 дақиқа пас Баротов Н.С. ба назди ҳамкурсонаш, ки дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи П.Ханжин бинои №36 истиқомат намуда,  ӯро интизор буданд, расида, тахминан соати 1740 дақиқа бо ҳамроҳии “Сомон”, “Мумин” ва “Абу” аз бинои мазкур фаромада, бо Розиқов Ш.Ҳ., Миралиев М.И., Табаров А.А., Носиров Ш.З. ва “Аловуддин” дармеафтанд. Розиқов Ш.Ҳ., Миралиев М.И., Табаров А.А., Носиров Ш.З., “Аловуддин” ва боз тахминан 10 нафар шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ, нисбат ба ҷаъмият беэҳтиромӣ зоҳир намуда, нисбати Баротов Н.С. ва нафарони бо вай буда зӯроварӣ намуда, бо мушту лағат онҳоро таҳти лату кӯб қарор дода, муддати тахминан 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 1935 дақиқа Баротов Н.С. ба маҳаллаи истиқоматиаш, воқеъ дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи О. Кошевой рафта, як гурӯҳи ҷавонон аз ҷумла Қосимов Саъди Маҳмадаюбович, Дилшоди Файзулло, Бобоев Толибҷон Файёзович, Ҳамидов Анас Шодиевич, Давронов Беҳруз Маҳмудович, Абдураҳмонов Фируз Баҳромович ва дигаронро барои ба ҷанҷол намудан ҷамъ намуда, пешакӣ маслиҳати лату куб намудани баъзе аз ҷавонони кӯчаи П.Ханжин (маҳаллаи Шаҳраки ҳарбиён)-ро кардаанд.

Аз нафарони ҷамъ намудаи Баротов Н.С. баъзеашон аз ҷумла Қосимов Саъди Маҳмадаюбович, Ҳамидов Анас Шодиевич ва дигарон аз рӯи маслиҳати қаблан кардаашон, дар дастонашон чубдаст, пораи қубури пластикӣ, арматур ва дигар ашёҳоро гирифта, дар руяшон ниқобҳои тибби пушида, ба маҳаллаи номбурда рафта, шахсони қаблан Баротов Н.С-ро лату куб кардаро барои  лату кӯб қарор додан, ҷустуҷӯ намуда, дарёфт карда натавонистаанд. Сипас баъзе аз аъзоёни гуруҳи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ, дар назди бинои 30/1-и кӯчаи П.Ханжини (маҳаллаи Шаҳраки ҳарбиёни шаҳри Душанбе) аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молу мулки сокинони кӯчаи П.Ханжин (маҳаллаи мазкурро, бо ашёҳои бо худ дошта, аз қабили чӯб, қубур, арматур ва ғайра қасдан тирезаи қисмати қафо ва дари пеши тарафи чапу қафои тарафи рост, чароғаки пеши автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350», рақами қайди давлатиаш TJ 8410 СА01, ки ба шаҳрванд Носиров Шаҳзод Зиёдуллоевич, тирезаи қисмати қафои автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс», рақами давлатиаш TJ 2135 HA 01, ки ба шаҳрванди Федератсияи Россия, Романчев Алексей Александрович, тирезаи қисмати қафои автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами кайди давлатиаш TJ 1696 DD 01, ки ба шахрванд Давлатов Собир Маҳмадқулович ва тирезаи дари тарафи рост аз қисмати пеши автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами кайди давлатиаш TJ 3900 ЕС 01, ки ба шаҳрванд Шарипов Баҳром Кароматуллоевич тааллуқ дошт, зада шикастаанд, ки дар натиҷаи ин кирдорҳои авбошонаи онҳо ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонида шуда, тартиботи ҷамъияти муддати 20-30 дақиқа дағалона вайрон карда шудааст.        

Вобаста ба ин  ҳолат 29 марти  соли 2018 аз  ҷониби  прокуратураи  ноҳияи  Синои  шаҳри  Душанбе бо моддаҳои 237 қисми 2 банди “б” ва   237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои авбошӣ  парвандаи  чиноятӣ оғоз карда  шуда, нисбати 16 нафар чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан тадбиқ гардида, тафтиши  пешакӣ бо он идома  дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ